Тоҷикистон аз Ӯзбекистон газ мехарад, вале аҳолӣ аз он бенасиб мемонад

Пайрав ЧОРШАНБИЕВ, Asia-Plus

Аз оғози соли оянда Тоҷикистон интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистонро, ки панҷ сол пеш қатъ гардида буданд, дубора барқарор карданист.

Айни замон миёни ширкатҳои марбут ба истихроҷу таҳвили гази давлатҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, «Тоҷиктрансгаз» таваҷҷуҳ ва талаботи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба гази табииро муайян мекунад.

Марҳилаи аввали гуфтушунид дар ин хусус як моҳ қабл дар Тирмиз доир гардида, аввали моҳи ноябр ширкатҳои дахлдори кишварҳо зимни вохӯрӣ дар Тошканд арзиш ва ҳаҷмҳои эҳтимолии интиқоли газ ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар ин робита изҳор доштанд, ки агар интиқоли гази табиӣ барқарор шавад, он ба аҳолӣ дода намешавад, зеро зербинои ин сохтор қариб даҳ сол аз истифода канор монда, куҳнаву фарсуда шудааст, ки хатари зиёд дорад ва ҳамчунин ба гумон аст, ки аҳолӣ ба пардохти маблаги гази воридотӣ қодир бошад.

«Ширкат дар ин масъала танҳо бо корхонаҳои саноатии манфиатдор ба гирифтани гази табиӣ аз Ӯзбекистон гуфтушунид дошта, баъди ҳаллу фасли масъалахои омодагӣ ва талаботи корхонаҳо, ба «Ӯзбектрансгаз» ҳаҷми мушаххаси интиқол пешниҳод ва бар асоси он ҷонибҳо арзиши онро мувофиқа хоҳанд кард», – гуфтанд дар «Тоҷиктрансгаз».

Сардори Раёсати масолеҳи сохтмони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шамсиддин Иброҳимов ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала қайд кард, ки тамоми зербинои интиқоли гази табиӣ ба корхонаҳои саноатӣ омода буда, вале корхонаҳо дар навбати аввал ба арзиши газ таваҷҷуҳ мекунанд ва агар он писанд афтад, розӣ хоҳанд шуд ва гузашта аз ин, гази табиӣ сӯзишвории аз нигоҳи экологӣ тоза аст.

Таҳлилгар Уткир Умарбоқиев бар ин назар аст, ки корхонаҳоро ба гузаштан ба истифодаи гази табиӣ уҳдадор кардан лозим нест, зеро ин ҷо хавф ҳам вуҷуд дошта, таҳвилгари газ метавонад аз иҷрои уҳдадории мунтазам таъмин кардан набарояд.

Ҳамчунин коршиносон ба «Тоҷиктрансгаз» тавсия медиҳанд, ки дар ин кор «ба тиҷорат машғул нашавад», чунки қаблан иловапардохтҳои ширкати газрасон беш аз 25% аз нархи харидаро ташкил медоданд ва мувофиқи мақсад аст, ки нархи интиқол на бештар аз 5% аз нархи харидаро ташкил диҳад.

Иқтисодчӣ Салим Искандаров мегӯяд, ба умеди кишвари ҳамсоя нашуда, энергетикаи дохилӣ – электроэнергетка ва энергетикаи офтобиро рушд мебояд дод ва ҳарчанд дар натиҷаи хуб шудани муносибатҳо миёни кишварҳо,  чун замони пешин дигар он фишанги пурқуввати фишор вуҷуд надошта бошад ҳам, ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки ҳодисаи панҷ сол пеш боз такрор нашавад.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов сифатан тағйирёбии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро амри табиӣ дониста, изҳор мекунад, ки «раҳбарияти нави кишвари ҳамсоя нақши созандаи худро дар минтақа дарк карда, агар дар фурсатҳои наздик аз рӯи баъзе масъалаҳо созиш ҳосил шавад, метавон аз беҳбуди некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар интизорӣ дошт ва дар ин росто, иродаи сиёсии сарони кишварҳо зарур аст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...