Барзу Абдураззоқов ба Тошканд коркунӣ меравад

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, барои рӯи саҳна овардани намоишномаи «Фарҳод ва Ширин»-и Алишер Навоӣ ба шаҳри Тошканд меравад. Дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ ӯ изҳор доштааст, ки ба хотири гирифтани визаи Ӯзбекистон ба Душанбе омадаааст, «зеро, як моҳ фурсати рухсатӣ дорам ва бо даъвати театри ба номи Муқимии шаҳри Тошканд мехоҳам дар он ҷо […]

Радиои Озодӣ

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, барои рӯи саҳна овардани намоишномаи «Фарҳод ва Ширин»-и Алишер Навоӣ ба шаҳри Тошканд меравад.

Дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ ӯ изҳор доштааст, ки ба хотири гирифтани визаи Ӯзбекистон ба Душанбе омадаааст, «зеро, як моҳ фурсати рухсатӣ дорам ва бо даъвати театри ба номи Муқимии шаҳри Тошканд мехоҳам дар он ҷо намоишномаи “Фарҳод ва Ширин”-и Алишер Навоиро рӯи саҳна биоварам».

Коргардон зикр кардааст, ки тӯли ин солҳо асарҳои зиёди сиёсиву иҷтимоиро рӯи саҳна гузоштааст, аммо ҳоло мехоҳад асари театрии ошиқонаеро таҳия созад.

«Вале на “Ромеа ва Ҷулетта”, балки алоқамандам асари ошиқонаи шарқиеро рӯи саҳна биоварам, – гуфтааст ӯ. –  То дар баробари қаҳрамонҳои асар ба умқи он ғӯта бизанам, бихандаму кӯҳканӣ кунам ва фидоии ишқ бошам. Ба ин далел худро барои таҳияи намоишномае чун “Фарҳод ва Ширин” омода медонам».

Дар робита ба рӯи саҳна овардани ин асар дар театрҳои Тоҷикистон ӯ посух додааст, ки феълан аз 14 театри кишварҳои мухталиф даъватнома дорад, ки ин ё моҳи дигаре он ҷо барои кор биравад.

«Ҷое бояд рафт, ки он ҷо даъватат мекунанд, – гуфтааст ӯ. – Ман наметавонам дари хонаи касеро бикӯбаму бигӯям, ки ман наздат омадаам. Ҳар ҷое, ки меравам, қаблан даъватам мекунанд, занг мезананд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.