Парвозҳои «Тоҷик Эйр» ба Урумчӣ барқарор мешаванд

Asia-Plus

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 21 декабри соли равон ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Душанбе дубора шурӯъ менамояд.

Тавре котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод,  парвозҳо дар ин хатсайр як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои панҷшанбе тавассути самолёти Boeing 737– 300 сурат гирифта, соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе – 17:20  ва арзиши билет – 2092 сомонӣ муқарррар шудааст.

«Ширкат ба нақша гирифтааст, ки шумораи парвозҳоро зиёд намуда, дар ин самт корҳои ташкилӣ фаъолона идома доранд, – гфт сухангӯи ширкат. – Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад».

Зимнан зикр гардид, ки хоҳишмандон барои дастрас намудани чипта метавонанд ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ҳавопаймоии кишвар ва инчунин ба нуқтаи фурӯши билетҳо дар ошёнаи якуми бинои «Тоҷик Эйр» муроҷиат намоянд.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин пешниҳод менамояд: Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, ҳамчунин Хуҷанду Хоруғ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...