Парвозҳои «Тоҷик Эйр» ба Урумчӣ барқарор мешаванд

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 21 декабри соли равон ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Душанбе дубора шурӯъ менамояд. Тавре котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод,  парвозҳо дар ин хатсайр як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои панҷшанбе тавассути самолёти Boeing 737– 300 сурат гирифта, соати […]

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 21 декабри соли равон ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Душанбе дубора шурӯъ менамояд.

Тавре котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод,  парвозҳо дар ин хатсайр як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои панҷшанбе тавассути самолёти Boeing 737– 300 сурат гирифта, соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе – 17:20  ва арзиши билет – 2092 сомонӣ муқарррар шудааст.

«Ширкат ба нақша гирифтааст, ки шумораи парвозҳоро зиёд намуда, дар ин самт корҳои ташкилӣ фаъолона идома доранд, – гфт сухангӯи ширкат. – Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад».

Зимнан зикр гардид, ки хоҳишмандон барои дастрас намудани чипта метавонанд ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ҳавопаймоии кишвар ва инчунин ба нуқтаи фурӯши билетҳо дар ошёнаи якуми бинои «Тоҷик Эйр» муроҷиат намоянд.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин пешниҳод менамояд: Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, ҳамчунин Хуҷанду Хоруғ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.