Огоҳии РБДА: барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ як ҳафта муҳлат боқӣ монд

Asia-Plus

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти кишвар мерасонад, ки то анҷоми муҳлати ивази шаҳодатномаҳои ронандагии 10 сол пеш додашуда ва рақамҳои давлатии ғайристандартӣ ҳамагӣ 7 рӯз боқӣ монд.

Дар сомонаи расмии ВКД дар ин робита қайд мешавад, ки касоне, ки то 1 декабр шаҳодатномаҳои ронандагии кӯҳна ва рақамҳои давлатии ғайристандартиро иваз намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Хотиррасон мешавад, ки ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои ивази рақами давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва рақами қайди давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

Гуфта мешавад, зимни ивази шаҳодатномаи ронандагӣ барои бланкаи шаҳодатнома – 248 сомонӣ, талони қайди қоидавайронкунӣ -19 сомонӣ, маълумотномаи тиббӣ – 70 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 337 сомонӣ маблағ пардохт шуда, арзиши ивази рақами қайди давлатӣ дар маҷмӯъ 426 сомониро ташкил медиҳад: рақами қайди давлатӣ – 210 сомонӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт – 210 сомонӣ ва  азназаргузаронии воситаи нақлиёт – 6 сомонӣ.

Қобили зикр аст, ки нимаи соли равон Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ронандагонро доир ба зарурати ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ба шаҳодатномаи нави биометрӣ ва рақамҳои давлатии кӯҳна ба рақамҳои нави меъёрӣ аз соли 2014 огоҳ карда истодааст.

Дарҳамон рӯзҳо кормандони БДА бисёре аз ронандагонро боздошта, талаб карда буданд, ки барои доштани рақами кӯҳна ҷарима пардохт кунанд.

Дар Раёсати БДА хотиррасон намуда буданд, ки шаҳодатномаҳои ронандагие, ки 10 сол қабл ё пештар аз он гирифта шудааст, муддати ин вақт корношоям шуда, аксҳои онҳо метавонанд ба симои ҳозираи ронанда мутобиқат накунанд.

«Сабаби дигари ивази шаҳодатномаи ронандагӣ аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ гардидани Конвенсияи Вена оид ба ҳаракат дар роҳ мебошад, ки чунин талаботро пеш мегузорад», – хабар дода буданд дар Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...