Огоҳии РБДА: барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ як ҳафта муҳлат боқӣ монд

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти кишвар мерасонад, ки то анҷоми муҳлати ивази шаҳодатномаҳои ронандагии 10 сол пеш додашуда ва рақамҳои давлатии ғайристандартӣ ҳамагӣ 7 рӯз боқӣ монд. Дар сомонаи расмии ВКД дар ин робита қайд мешавад, ки касоне, ки то 1 декабр шаҳодатномаҳои ронандагии кӯҳна ва рақамҳои давлатии ғайристандартиро иваз намекунанд, […]

Asia-Plus

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти кишвар мерасонад, ки то анҷоми муҳлати ивази шаҳодатномаҳои ронандагии 10 сол пеш додашуда ва рақамҳои давлатии ғайристандартӣ ҳамагӣ 7 рӯз боқӣ монд.

Дар сомонаи расмии ВКД дар ин робита қайд мешавад, ки касоне, ки то 1 декабр шаҳодатномаҳои ронандагии кӯҳна ва рақамҳои давлатии ғайристандартиро иваз намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Хотиррасон мешавад, ки ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои ивази рақами давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва рақами қайди давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

Гуфта мешавад, зимни ивази шаҳодатномаи ронандагӣ барои бланкаи шаҳодатнома – 248 сомонӣ, талони қайди қоидавайронкунӣ -19 сомонӣ, маълумотномаи тиббӣ – 70 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 337 сомонӣ маблағ пардохт шуда, арзиши ивази рақами қайди давлатӣ дар маҷмӯъ 426 сомониро ташкил медиҳад: рақами қайди давлатӣ – 210 сомонӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт – 210 сомонӣ ва  азназаргузаронии воситаи нақлиёт – 6 сомонӣ.

Қобили зикр аст, ки нимаи соли равон Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ронандагонро доир ба зарурати ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ба шаҳодатномаи нави биометрӣ ва рақамҳои давлатии кӯҳна ба рақамҳои нави меъёрӣ аз соли 2014 огоҳ карда истодааст.

Дарҳамон рӯзҳо кормандони БДА бисёре аз ронандагонро боздошта, талаб карда буданд, ки барои доштани рақами кӯҳна ҷарима пардохт кунанд.

Дар Раёсати БДА хотиррасон намуда буданд, ки шаҳодатномаҳои ронандагие, ки 10 сол қабл ё пештар аз он гирифта шудааст, муддати ин вақт корношоям шуда, аксҳои онҳо метавонанд ба симои ҳозираи ронанда мутобиқат накунанд.

«Сабаби дигари ивази шаҳодатномаи ронандагӣ аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ гардидани Конвенсияи Вена оид ба ҳаракат дар роҳ мебошад, ки чунин талаботро пеш мегузорад», – хабар дода буданд дар Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.