Қатли бераҳмонаи ду зан дар рӯзҳои истироҳат

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман аз боздошти гумонбар дар куштори Марҷона Шерхоноваи бистсола, сокини шаҳри Турсунзода, хабар дод. Ба гумони даст доштан дар ин куштор сокини 29-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон боздошт шудааст.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъ дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Нов” (бетоншӯрӣ), дар зарфи пластмасии ғунҷоишаш 1-литра 190-дона доруи димедролро бо об омехта карда, бо тариқи маҷбурӣ дасту пойи зани 20-солаи сокини пойтахтро бо банд баста, оби ин зарфро ба ӯ нӯшонидааст, ки дар натиҷа зани ҷабрдида дар дохили автомашинаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ҳалокшуда сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода Марҷона Шерхонова буда, пайвандону наздиконаш ҷасади ӯро баъди 8 рӯзи ҷустуҷӯ аз дохили як мошини бетоншурӣ дар наздикии бозори Балхи ноҳияи Рудакӣ пайдо кардаанд.

Ҷасади Марҷона Шерхоноваи 20-сола, сокини деҳаи Пахтаободи шаҳри Турсунзода рӯзи 21 ноябр ба хок супорида шуд. Марҷона донишҷӯи соли сеюми Колеҷи техникию технологии ташкилоти Мададгори мудофиаи Тоҷикистон буд.

Модараш Ширингул Маликова гуфтааст, бори охир Марҷонаро рӯзи 13 ноябр дида, ӯ ҳамон рӯз “бо хурсандӣ” аз хона баромадаааст, вале баъди чанде ба хоҳари калонияш занг зада гуфтааст, ҷавоне, ки гуё хушдораш буду мехост бо ӯ издивоҷ кунад, дасту пояшро баста, қасди куштанашро дорад.

Баъди шунидани ин хабар ӯ ба ШКД-и ноҳияи Сино-1 муроҷиат карда, тамоми ин маълумотро пешниҳод кардааст. Хостааст, барои наҷоти духтараш кумак кунанд. Вале бо гузашти 8 рӯз пулис натавонист аз Марҷона ному нишоне пайдо кунад.

Модараш изҳор доштааст, ки фақат баъди як занги ҷавоне, ки ба Марҷона ошиқ буд, тавонистанд ҷасадро пайдо кунанд. Ба гуфтаи модар, ин ҷавон дар сӯҳбат ба ӯ гуфтааст, “рафта духтаратонро аз дохили мошини бетоншӯрӣ бигиред”.

Фарҳод Шерхонов, падари Марҷона иброз доштааст, ки моҳе қабл ҷавоне ба назди ӯ омада худашро Иброҳим аз деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ муаррифӣ кардааст. Ҳадафи ташрифашро ҳам хостгории Марҷона гуфтааст. Аммо падари Марҷона мегӯяд, вақте аз ҷавон хост волидонашро барои хостгорӣ фиристад, ӯ ғайб зад. Ин падар баъдан фаҳмидааст, ки ҷавон оилаву фарзанд дорад ва онҳоро фиреб доданӣ аст.

Фарҳод Шерхонов гуфтааст, бигзор мақомот қотили духтарашонро пайдо ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот кунад. “Ман духтарамро мисли гул калон кардам, магар барои ин ҳайвонсират буд? Ё барои он ки бараму хокаш кунам?” – пурсидааст ин падар. Падари Марҷона зикр кардааст, ки баъди ҳодисаи куштор ҳам аз хонаводаи ҷавон ягон нафар барои таъзия ё узрхоҳӣ наомадааст.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин боз аз як ҳодисаи куштор дар шаҳри Ваҳдат, ки охири ҳафтаи сипаришуда рух додаааст хабар дод. Бар асари муноқишаи оилавӣ мард ба сару рӯи ҳамсари 44-солааш бензин пошида, оташ задааст, ки дар натиҷа ҳамсараш бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...