Агентии зиддифасод аз боздошти сармуфаттиши РВКД дар Суғд хабар дод

Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хотима бахшиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, ба ин гурӯҳ ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и ҶТ дар вилояти Суғд Руслан Шарипов ва сокини ноҳияи Мастчоҳ […]

Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хотима бахшиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, ба ин гурӯҳ ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и ҶТ дар вилояти Суғд Руслан Шарипов ва сокини ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Шарифов шомил будаанд.

«Санаи 22 ноябри соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷуӣ Муҳаммад Шарифов ва Руслан Шарипов зимни муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дастгир гардиданд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз онҳо ба миқдори 34 кг. 759 грамм воситаи нашъадори афюн ва 47кг. 157 грамм воситаи нашъадори ҳашиш, ки ҷамъи умумии онҳо 81 кг. 916 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати гумонбаршудагон Шарифов бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад. Дар ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол пешбинӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.