Боздиди ҳайати прокуророни Тоҷикистон аз Беларус

Дар шаҳри Минск охири ҳафтаи сипаришуда прокуророни генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Беларус Александр Конюк  вохӯрии корӣ баргузор намуданд, ки дар он ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Покуратураи генералии ҶТ, дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин ёрдамчии прокурори генералии ҶТ Ҳотамбеков А., сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода […]

Дар шаҳри Минск охири ҳафтаи сипаришуда прокуророни генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Беларус Александр Конюк  вохӯрии корӣ баргузор намуданд, ки дар он ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Покуратураи генералии ҶТ, дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин ёрдамчии прокурори генералии ҶТ Ҳотамбеков А., сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода М., сардори Раёсати назорати  иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук Юсуфӣ М., прокурори шаҳри Гулистони вилояти Суғд Абдуллозода А. ва сафири Тоҷикистон дар Беларус Қ.Қоимдодов ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус муовини Прокурори генералӣ Стук А. ва  дигар  шахсони  масъул  иштирок  доштанд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ, таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба дар амалисозии чорабиниҳои соҳави мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби прокуророни генералии Тоҷикистон ва Беларус барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019 бо нишон додани чорабиниҳои мушахаси муштарак ба имзо расонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.