Каратечиёни тоҷик ба Олимпиада омодагӣ мегиранд

Date:

Дар Ҷумҳурии Чехия Чемпионати 9-уми Аврупо оид ба шотокан ва Ҷоми ҷаҳон (WSF) доир гашт, ки варзишгарони тоҷик дар он сазовори 7 медали тилло гардиданд.

Тавре Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон хабар медиҳад, Асадбек Фатоев дар синну соли 14-15, вазни -63 кг, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кг), Умед Сафаров (-68 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола, дар қувваозмоиҳои WКF ва кумитэ 2-тоӣ медали тилло ва Бадриддин Умедов миёни варзишгарони аз 18-сола боло дар намуди WКF як медали тилло ба даст оварданд. Дар чемпионат наздики 400 варзишгар аз 18 давлат ширкат доштанд.

Ҳамзамон дар шаҳри Тошканд вохӯрии роҳбарони Ассотсиатсияҳои милии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо намояндагони Федератсияи ҷаҳонии Каратэ (WKF) доир гардида, дар он намояндагони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Зимни вохӯрӣ бо президенти WKF ҷонибҳо доир ба баргузории Чемпионати Осиё-2019 оид ба карате миёни калонсолон дар Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд. Дар ин чемпионат варзишгарон барои иштирок дар Олимпиада-2020 дар Токио имтиёзҳои рейтингӣ ба даст оварда метавонанд.

Раҳбарияти Федератсияи милии каратэ-дои Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки омодагирӣ ба мусобиқаҳои интихобии Олимпиалда муштарак сурат бигирад. Ин пешниҳод бо мамнуният пазируфта шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...