Каратечиёни тоҷик ба Олимпиада омодагӣ мегиранд

Дар Ҷумҳурии Чехия Чемпионати 9-уми Аврупо оид ба шотокан ва Ҷоми ҷаҳон (WSF) доир гашт, ки варзишгарони тоҷик дар он сазовори 7 медали тилло гардиданд. Тавре Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон хабар медиҳад, Асадбек Фатоев дар синну соли 14-15, вазни -63 кг, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кг), Умед Сафаров (-68 кг) […]

Дар Ҷумҳурии Чехия Чемпионати 9-уми Аврупо оид ба шотокан ва Ҷоми ҷаҳон (WSF) доир гашт, ки варзишгарони тоҷик дар он сазовори 7 медали тилло гардиданд.

Тавре Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон хабар медиҳад, Асадбек Фатоев дар синну соли 14-15, вазни -63 кг, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кг), Умед Сафаров (-68 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола, дар қувваозмоиҳои WКF ва кумитэ 2-тоӣ медали тилло ва Бадриддин Умедов миёни варзишгарони аз 18-сола боло дар намуди WКF як медали тилло ба даст оварданд. Дар чемпионат наздики 400 варзишгар аз 18 давлат ширкат доштанд.

Ҳамзамон дар шаҳри Тошканд вохӯрии роҳбарони Ассотсиатсияҳои милии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо намояндагони Федератсияи ҷаҳонии Каратэ (WKF) доир гардида, дар он намояндагони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Зимни вохӯрӣ бо президенти WKF ҷонибҳо доир ба баргузории Чемпионати Осиё-2019 оид ба карате миёни калонсолон дар Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд. Дар ин чемпионат варзишгарон барои иштирок дар Олимпиада-2020 дар Токио имтиёзҳои рейтингӣ ба даст оварда метавонанд.

Раҳбарияти Федератсияи милии каратэ-дои Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки омодагирӣ ба мусобиқаҳои интихобии Олимпиалда муштарак сурат бигирад. Ин пешниҳод бо мамнуният пазируфта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.