Нишасти СААД дар Минск. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Беларус

Аваз Юлдашев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск раҳсипор мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҷараёни ин сафар як қатор дидору гуфтушуниди дуҷонибаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар назар аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, дар иҷлосияи санаи 30 ноябр дар Минск баррасии 20 масъала, аз ҷумла тамоилҳои рушди вазъи байнулмилалӣ ва тадбирҳо оид ба таҳкими амнияти дастаҷамъӣ, қабули Баёния дар робита ба ҷашни Созмон, ҳамчунин як қатор изҳороти сарони кишварҳо доир ба мушкилоти муҳими амнияти байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори иҷлосияи зикршуда аз иштироки сарони кишварҳои узви Созмон, котибони шӯрои амният ва вазирони мудофиаи кишварҳо, аз ҷумла президенти Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳамчунин дабири кулли СААД Юрий Хачатуров интизорӣ меравад.

Ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз сарони кишварҳои узви СААД: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат буда, раиси он дар давраи байни иҷлосияҳои солҳои 2016-2017 президенти Беларус Александр Лукашенко мебошад. Соли 2018 Раёсат дар СААД ба дӯши Қазоқистон вогузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...