Боздошти сардори ОБНОН-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони порагирӣ

Asia-Plus

Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар( ОБНОН)-и ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо далели порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудааст.

«Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар барои ба парвандаи ҷиноӣ ҷалб накардани нашъаҷаллоб ба маблағи 3 ҳазор доллар пора гирифт», – иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 319, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, сардори шуъба ба ҳабс гирифта шудааст. Аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала ба хотири халалдор накардани ҷараёни тафтишот худдорӣ варзида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...