Боздошти сардори ОБНОН-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони порагирӣ

Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар( ОБНОН)-и ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо далели порагирӣ боздошт шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудааст. «Сардори Шуъбаи мубориза […]

Asia-Plus

Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар( ОБНОН)-и ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо далели порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудааст.

«Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар барои ба парвандаи ҷиноӣ ҷалб накардани нашъаҷаллоб ба маблағи 3 ҳазор доллар пора гирифт», – иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 319, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, сардори шуъба ба ҳабс гирифта шудааст. Аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала ба хотири халалдор накардани ҷараёни тафтишот худдорӣ варзида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.