Эҳтимоли бекор мондани наздики 1500 муҳоҷири тоҷик дар Ёқутистон

Asia-Plus

Соҳаҳои сохтмон ва саноати Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон, Якутия) барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳоҷирати корӣ ба ин ҷо меоянд, дастнорас мешавад. Мақомоти маъмурии ин ҷумҳурӣ дастури навбатӣ дар бораи маҳдуд кардани ҷалби қувваи кории хориҷиро омода мекунад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии НВК Саха.

Моҳи марти соли ҷорӣ роҳбари Ёқутистон Егор Борисов нахустин чунин ҳуҷҷатро ба имзо расонид. Дар он фаъолияти муҳоҷирон дар бахшҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёту савдо, амалиёт бо амволи ғайриманқул, моҳидорӣ ва обчакорӣ манъ мешавад. Аммо ин манъкунӣ чандон бузургмиқёс набуд. Дар ҳамин ҳол, доир ба кай қабул шудани ин дастур маълумот дода намешавад.

Тибқи маълумоти шуъба оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии Раёсати масоили муҳоҷирати ВКД дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон), дар бахши сохтмон асосан шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон машғули коранд.

Шумори тахимнии онҳо ба сурати умум 3000 нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 1,5 ҳазор нафарашон – шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Онҳо аз рӯи патент кор мекунанд. Дар соҳаи саноат бошад, асосан шаҳрвандони Украина кор мекунанд. «Ҳам дастуру аввалу ҳам дастури баъдӣ бояд аз бозори миллӣ ҳимоя карда, ба коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат намоянд», – мутмаинанд дар Ёқутистон.

Худи роҳбари Ҷумҳурии Саха дар ин хусус ҳанӯз пеш аз 22 ноябр зимни суханронӣ назди вакилони парлумон ва аъзои ҳукумати изҳори назар карда буд. Ҳангоми суханронӣ ӯ соли 2018-ро Соли мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) эълон кард.

«Тайи се соли ахир шумори муҳоҷирони кории хориҷӣ афзуд ва ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сабаби аслии он на ба норасоии қувваи корӣ, балки ба хоҳиши роҳбарони корхонаҳои мо ҷиҳати сарфа аз музди меҳнат ва бастаҳои имтиёзи иҷтимоӣ барои кормандон марбут аст. Дар ҳамин ҳол, ҳамзамон дар мақомоти хадамоти шуғл сокинони бекори ҷумҳурӣ сабтином шудаанд, ки дар ҳамин бахшҳо кор ҷустуҷӯ доранд», – изхор дошт ӯ ва илова намуд, ки коҳиши сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии дастур аст.

Бино ба маълумоти хадамоти минтақавии шуғл, имрӯз дар Ёқутистон беш аз 30 ҳазор нафар бекор шуморида мешаванд, ки ҳамагӣ наздики 10 ҳазор нафари онҳо дар қайди бекорон сабтином шудаанд.

Нашрия менависад, дар майдони сохтмон намояндагони аҳолии маҳаллӣ камтар вохӯрда, ба эҳтимоли қавӣ бештар шаҳрвандони хориҷӣ ба мушоҳида мерасанд. Танҳо давми ҳамин сол ширкатҳо ба кори навъҳои мухталиф ҳудуди 2 ҳазор нафар муҳоҷиронро ҷалб кардаанд. Дар ниҳоди соҳавӣ гуфтаанд, бо қабули қоидаҳои нав мушкилот рӯйи кор омада метавонад.

Зикр мегардад, ки дастур ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷии воридшуда дахл нахоҳад кард. Дар майдонҳои сохтмон ва бахши саноат шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон боқӣ мемонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...