ВКД аз боздошти қотили Марҷонаи 20-сола хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбари куштори сокини шаҳри Турсунзода Марҷона Шерхоноваи 20-сола хабар дод. Дар гузориши барномаи телевизионии «ВКД Ахбор» қайд шуд, ки дар ин куштор сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Иброҳим Муминов гумонбар дониста шуда, дар заминаи рашк ба ин амал даст задааст. https://www.youtube.com/watch?v=NVgZn4OyuDU Гумонбар ҳикоят мекунад, ки духтарро хеле дӯст медошту, зиёд рашк […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбари куштори сокини шаҳри Турсунзода Марҷона Шерхоноваи 20-сола хабар дод.

Дар гузориши барномаи телевизионии «ВКД Ахбор» қайд шуд, ки дар ин куштор сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Иброҳим Муминов гумонбар дониста шуда, дар заминаи рашк ба ин амал даст задааст.

https://www.youtube.com/watch?v=NVgZn4OyuDU

Гумонбар ҳикоят мекунад, ки духтарро хеле дӯст медошту, зиёд рашк ҳам мекард. Санаи 14 ноябр тасмим мегирад, ки ӯро кушад. Бо ин мақсад 190 дона доруи димедролро дар як шишаи об омехта, баъди бастани дасту пои духтар, дар дохили автомашинаи бетоншӯрии «Нов» онро маҷбуран ба духтар мехӯронад, ки дар натиҷа маъшуқааш аз заҳролудшавӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади духтарро кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи бетоншӯрӣ пайдо карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.