Эпидемияи ВИЧ/СПИД: сироят торафт зиёд мешавад

Шумори гирифторон ба бемории Вирусии норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ) (ВИЧ/СПИД) сол то сол меафзояд. Бино ба маълумоти ЮНЭЙДС (ниҳоди марбутаи СММ), имрӯз дар саросари дунё 37 млн. нафар гирифторони ин беморӣ ба сар мебаранд, ки 1,8 млн. нафари онҳо соли 2016 аз ин беморӣ сироят ёфтаанд ва агар ин […]

Заррина Эргашева, Asia-Plus

Шумори гирифторон ба бемории Вирусии норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ) (ВИЧ/СПИД) сол то сол меафзояд.

Бино ба маълумоти ЮНЭЙДС (ниҳоди марбутаи СММ), имрӯз дар саросари дунё 37 млн. нафар гирифторони ин беморӣ ба сар мебаранд, ки 1,8 млн. нафари онҳо соли 2016 аз ин беморӣ сироят ёфтаанд ва агар ин рақамро ба як сол (365 рӯз) тақсим кунем, ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон ҳамарӯза 4,9 ҳазор нафар аз ин беморӣ сироят меёбад.

Соли 2016 бар асари ин беморӣ беш аз 1 млн. нафар фавтида, сабти сирояти он бештар дар гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ба мушоҳида мерасад, ки яке аз гурӯҳҳои бештар осебпазир дар ин замина муҳоҷирони корӣ ва аҳли оилаи онҳо дониста мешаванд.

Санаи 1 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи мубориза бо ВНМО/ АПНМ (World AIDS Day) таҷлил мегардад.

Бино ба иттилои Ҳамоҳангсози масоили тандурустӣ дар минтақаи Аврупои Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, доктори улуми тиббӣ Даврон Муҳаммадиев, шумори гирифторони ин беморӣ дар минтақаи Аврупо (бо шумули Осиёи Марказӣ) тақрибан 2 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки каме бештар аз миллион нафараш ба Русия рост меояд.

Тибқи иттилои ӯ бо истинод ба маълумоти UNAIDS дар соли 2016 , дар Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар чунин беморон зиндагӣ дошта, ҳолати сироятёбиҳои нав 1300 касро ташкил медиҳад, ва тахминан 1000 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки шумори гирифторони ин беморӣ дар Қирғизистон – ҳудуди 8,5 ҳазор нафар (ҳолатҳои сироятёбии нав – 1000 нафар, фавт – 500 нафар), Қазоқистон – 26 ҳазор нафар (ҳолатҳои сироятёбии нав – 3000 нафар, фавт – 1000 нафар) ва Ӯзбекистон – 44 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.