Каромат Шариповро ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд

Додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскави Русия қарор кард, ки раҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов ба Тоҷикистон ихроҷ карда шавад. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», ки ин қарор рӯзи 30 ноябр содир шуда,  Каромат Шариповро дар пайи эълони ҳукми додгоҳ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, Алла Панкина, вакили мудофеи Каромат Шарипов дар сӯҳбат бо […]

Akhbor.com

Додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскави Русия қарор кард, ки раҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов ба Тоҷикистон ихроҷ карда шавад.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», ки ин қарор рӯзи 30 ноябр содир шуда,  Каромат Шариповро дар пайи эълони ҳукми додгоҳ боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, Алла Панкина, вакили мудофеи Каромат Шарипов дар сӯҳбат бо хабаргузории русии НСН тасдиқ кардааст, ки додгоҳи шаҳри Любертси ҳукми ихроҷи президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро содир карда. бар асоси ин ҳукми додгоҳ, Каромат Шариповро бояд аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.

Гуля Қодирова, яке аз волонтёрҳои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, ки дар мурофиаи ҳузур доштааст, ба НСН гуфтааст, Каромат Шариповро дар пайи эълони қарори додгоҳ дастгир кардаанд:

"Мурофиа бар асоси шикояти мо аз қарори раёсати ФСБ дар вилояти Смоленск буд, ки шиносномаи шаҳрванди Русияро гирифтани Каромат Шариповро ғайриқонунӣ дониста буд. Мурофиа аз соати 14 то 17:30 тӯл кашид ва додгоҳ даъвои моро рад кард. Шариповро дар толори додгоҳ зери дурбини видеокамераҳо боздошт карданд ва ба қабати чорум бурданд. Адвокат танҳо баъди 20 дақиқа тавонист бо ӯ мулоқот кунад.”

Гуля Қодирова изҳор доштааст, ки дар мурофиа намояндаи ФСБ Смоленск аслан ҳузур надошт, балки танҳо намояндаи ФМС-и Любертси, ки шиносномаи Каромат Шариповро мусодира карда буд, ширкат варзидааст.

Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ, як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 4 октябр хабар дод, ки раҳбари шӯъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Люберетсии вилояти Маскав ба дафтари кори ӯ омада, талаб кардааст, ки шиносномаи Русияашро бисупорад. Намояндаи пулис гуфтааст, ки Каромат Шарипов дар вақташ шаҳрвандии Русия ғайриқонунӣ гирифта буд.

Аммо Каромат Шарипов гуфт, ӯ соли 1993, вақте ки дар дивизияи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард, соҳиби шаҳрвандӣ шуда буд. Каромат Шарипов мӯътақид аст, ки моҷарои шаҳрвандии Русияи вай фармоишист ва ба эътирозҳои моҳи сентябр дар бозори "Москва” дар минтақаи Люблино рабт дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио