Русия рӯйхати расонаҳои «агентҳои хориҷӣ»-ро ба нашр расонид

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати адлияи Русия рӯйхати расонаҳоеро нашр кард, ки мақоми "агенти хориҷӣ"-ро гирифтаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи вазорати адлияи Русия, "Садои Амрико", радио "Аврупои Озод/Радиои Озодӣ", телевизиони "Настоящее время", бахши тоториву бошқирии Радиои Озодӣ, "Фактограф", лоиҳаҳои "Idel.Реалии", "Қрим.Реалии", лоиҳаи нави бахши русии Радиои Озодӣ "Сибир.Реалии" шомили рӯйхати мазкур шудаанд.

Охири моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Русия қонуне қабул шуд, ки бар асоси вай мақомоти ин кишвар ҳақ пайдо карданд, ҳар расонаеро, ки аз берун сармоягузорӣ мешавад, "агенти хориҷӣ" унвон кунанд. Ин гуна расонаҳо вазифадор шуданд, ки дар бораи фаъолияташон ба вазорати адлия ҳисобот диҳанд ва матлабҳояшонро тамғагузорӣ кунанд.

Қарор дар бораи қабули қонуне, ки фаъолияти расонаҳои хориҷиро дар Русия маҳдуд мекунад, баъди он пайдо шуд, ки телевизиони "Русияи имрӯз"-и Москва дар ИМА ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабти ном гардид.

Дар Департаменти давлатии ИМА борҳо гуфтанд, ки қонуни Амрико дар бораи агентҳои хориҷӣ аз гузинаи русӣ ба куллӣ фарқ дошта, ба ҳеч ваҷҳ озодии матбуотро маҳдуд намекунад.

Томас Кент, президенти "Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" гуфт, "телевизиони RT дар Амрико тавассути кабел пахш мешавад, дар ҳоле ки Радиои Озодӣ дар Русия аз ин имконият маҳрум аст".

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...