Тафтиши парвандаи Умар Бобоҷонов бори сеюм барқарор мешавад

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба тафтиши иловагии парвандаи марги сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов дастур дод.

Моҳи сентябри соли 2015 ӯ барои риш мондан аз ҷониби кормандони милитсия бераҳмона мавриди лату кӯб қарор гирифта, аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расида буд.

Дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиа оид ба баррасии аризаи шикоятӣ дар бораи рӯёнидани ҷуброни зарари маънавӣ барои бесамар гузаронидани тафтиши парвандаи ҷиноии марбут ба марги Умар Бобоҷонов доир гардид.

«Зимни мурофиа намояндаи Прокуратураи генералӣ изҳор дошт, ки маводи парванда дар Прокуратураи генералӣ омӯхта шуда, муайян карда шудааст, ки қарор дар бораи боздошти тафтиш аз рӯи ин парванда, ки прокуратураи Ваҳдат онро 30 декабри соли 2016 қабул кардааст, бекор ва парванда ҷиҳати тафтиши иловагӣ баргардонида мешавад», – хабар дод адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова.

Ӯ қайд кард, ки дар мурофиаи навбатии судӣ, ки рӯзи 8 декабр баргузор мешавад, нусхаи ин қарор дастрас шуда, ҳамчунин ҷониби ҷабрдида – пайвандони Умар Бобоҷонов бозпурсӣ мешаванд.

«Бо дарназардошти бекор шудани қарори пешин, тафтиши парвандаи мазкур бори сеюм барқарор мешавад», – таъкид дошт адвокат.

Баррасии аризаи шикоятӣ дар бораи рӯёнидани ҷуброни зарари маънавӣ барои бесамар гузаронидани тафтиш нахустин дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ аст. Даъвогар Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари ҷавони ҳалокшуда ва ҷавобгар Прокуратураи генералии Тоҷикистон мебошанд. Маблағи даъво: 350 ҳазор сомонӣ.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи августи соли маълум шуд, ки сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи Донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов дар бемористон ҳалок шудааст. Рӯзи 28 август Бобоҷонов барои ришмонӣ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат оварда шуда буд.

Умар Бобоҷонов бо ҷароҳатҳои сершумор аз шуъбаи милиса ба шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ мунтақил гардид. Наздикони Бобоҷонов изҳор доштанд, ки барои ришмониаш кормандони милиса ӯро бераҳмона лату кӯб кардаанд. Аз рӯи далели лату кӯби Умар Бобоҷонов дар прокуратураи шаҳр парвнадаи ҷиноӣ боз шуд.

Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар робита ба ин ҳодиса тафтиши хизматӣ оғоз гардида, таҳти раҳбарии яке аз муовинони вазир гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардид.

Вазири корҳои дохилӣ ба ин гурӯҳ супориш дод, ки дар доираи тафтиши хизматӣ гунаҳкоронро муайян намуда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва ҳамчунин ваъда дод, ки дар бораи натиҷаҳои ин тафтиш ба ВАО маълумот хоҳад дод.

Санаи 5 сентябри соли 2015 дар робита ба марг тафтиши парванда мутобиқи моддаи 110, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки ба марг боис шуд) сурат гирифта, аз он вақт прокуратураи шаҳри Ваҳдат дар робита ба муайян нашудани шахси ҷавобгар, тафтиши онро ду маротиба боздошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...