Хизматчиёни бонкии бекор … ва бидуни дастгирӣ

Буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон бисёре аз онҳоро ба коҳиши шумори кормандонашон маҷбур сохта, аксари хизматчиёни бекормондаи бонкҳо худашон роҳу воситаҳои раҳоӣ аз ин ҳолатро меҷӯянд. Тайи ду соли охир беш аз 8 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ҷойҳои кории худро аз даст доданд, ки асосан хизматчиёни бонкӣ мебошанд. Давоми соли ҷорӣ бо мақсади солимгардонии вазъи […]

Буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон бисёре аз онҳоро ба коҳиши шумори кормандонашон маҷбур сохта, аксари хизматчиёни бекормондаи бонкҳо худашон роҳу воситаҳои раҳоӣ аз ин ҳолатро меҷӯянд.

Тайи ду соли охир беш аз 8 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ҷойҳои кории худро аз даст доданд, ки асосан хизматчиёни бонкӣ мебошанд.

Давоми соли ҷорӣ бо мақсади солимгардонии вазъи кор ба «Агроинвестбонк» лозим омад, ки 75 фоизи кормандонашро сабукдӯш кунад.

 «Аз оғози сол фаъолияти 103 марказҳои хизматгузории бонкӣ, 5 филиал ва 1 департаменти амалиётӣ боздошта шуд, ки ба туфайли он хароҷот, аз ҷумла коммуналӣ ба таври назаррас кам шуд, – хабар дода буданд аз бонк. – Шумори ихтисори кормандони бонк дар ин давра 1520 нафарро ташкил дода, ба санаи 1 октябр ҳайати шахсии кормандони бонк 524 нафар боқӣ монд».

Ҳанӯз моҳи июл раиси раёсати «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода дар вохӯрӣ бо журналистон қайд карда буд, ки бонк ба коҳиши назарраси хароҷоти худ маҷбур шуда, аз оғози сол хароҷоти марбут ба маоши кормандони бонк 8,5 млн. сомонӣ кам шуданд.

Пиров таъкид дошт, ки ҳамчунин шумори ҳайати шахсии бонк низ аз 1672 нафар дар моҳи декабри соли гузашта то ба 641 нафар дар моҳи июли соли равон кам шуда, фаъолияти 45 филиалҳои бонк мутаваққиф ва дар заминаи аксари онхо марказҳои хизматгузории бонкӣ таъсис дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон боз 24 ташкилоти қарзии дигар дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Бисёре аз хизматчиёни бонкии бекормонда мустақилона роҳу воситаҳои раҳоӣ аз ин ҳолатро меҷӯянд. Ба касе муяссар мешавад, ки ба низоми бонкӣ баргардад, нафаре дар сохторҳои дигар кор пайдо намуда, бархе маҷбуранд, ки муҳоҷиратро ихтиёр кунанд.

Моҳсафар Яҳёзода, собиқ роҳбари хадамоти матбуоти «Агроинвестбонк»:

– Ман беш аз 9 сол дар низоми бонкӣ фаъолият доштам. Моҳи август аз  «Агроинвестбонк» ихтисор шуда, аввал кӯшиш кардам, ки дар ягон сохтори дигари молиявӣ кор ёбам, лекин муваффақ нашудам. Моҳи октябр маро ба Кумитаи идоракунии замин ва геодезияи ҶТ ба кор даъват карда, айни замон барои маҷаллаи «Сарзамин» мавод таҳия мекунам.

Аз раҳбарияти бонк хафа нестам, лекин сохторҳои болоии низоми бонкӣ, Вазоратҳои молия ва меҳнат мутахассисонро набояд дар кӯча мегузоштанд, оихр барои омода кардани онҳо маблағу восита ва вақти зиёд сарф шудааст. Чаро имкон надошт, ки онҳоро дар дигар соҳаҳои иқтисод бо кор таъмин намуд? Ё шояд ҳозир ҳамаи соҳаҳои мо аллакай бо кадрҳои соҳибтаҷриба таъминанд? Ба фикрам, ин тавр нест…

Суҳроб И., собиқ корманди «Тоҷиксодиротбонк»:

– Ман оиладору се фарзанд дорам, волидонам нафақахӯранд. Фақат худам кор мекардам, барои зиндагӣ кифоя буд. Вақте аввали баҳор ихтисор шудам, бо ихтисосам дигар кор наёфтам, болои ин ҳамсарам бемор шуд. Қарздор шуда, барои баргардонидани он дар сохтмон кор кардам, баъдан бо иҷораи мошини шиносам таксирон шудам. Маълумотнома (резюме)_и худро ба бонкҳову дигар ташкилотҳо мефиристодам.

Чанд моҳ пеш барои кор ба як бонки хусусӣ даъват карда, акнун бо ихтисосам кор мекунам, вале дигар ба оянда боварӣ нест, танҳо ба худ умедвор будан лозим аст. Аз ин рӯ, дар вақти холигӣ корҳои таъмири автомашианҳоро меомӯзам, аз ин кор оянда ҳамеша умед ҳаст.

Музаффар Саидов, собиқ корманди «Тоҷпромбонк»:

– Аз рӯи ихтисос ман иқтисодчиам. Дар сохторҳои гуногуни молиявӣ фаъолият доштам. Солҳои охир дар «Тоҷпромбонк» кор мекардам. Зиндагиам хуб буд. Вақте аз кор ихтисор шудам, дар дигар бонкҳо кор ҷустам, вале чун ман одамон хеле зиёд буданд. Чор фарзанд дорам – ду нафар донишҷӯ ва ду нафар хонандагони мактаб.

Ҳамсарам бофанда ва кораш доимӣ набуда, маошаш ҳам он қадр зиёд нест. Кор бо маоши хубро ман пайдо карда натавонистам. Аз бародарам қарз гирифта, ба Русия омадам. Айни замон дар бозор сабзавот мефурӯшам. Диплом ва дафтарчаи меҳнатиамро хона, даруни сандуқ гузоштам. Шояд ягон вақти дигаре даркор шаванд…

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.