Садама дар нақби «Шаҳристон»: 2 нафар ҳалоку 3 кас маҷрӯҳ

Date:

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи 6 декабр дар нақби «Шаҳристон», воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод, 2 нафар ҳалок ва 3 кас бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел Астра» таҳти идораи сокини 47-солаи ноҳияи Айнӣ Шамсималик Умаров дар дохили нақб ба автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» бармехӯрад, ки дар дохили нақби мазкур дар ҳолати корношоям қарор доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиёт ду нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел Астра» ҳалок шуда, ронанда ва боз ду мусофири дигари он дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...