Эмомалӣ Раҳмон ба Урдун оби нӯшокӣ пешниҳод кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо вакилони Шӯрои пойтахти Урдун – шаҳри Аммон пешниҳод кард, ки масъалаи таъмини Урдун бо оби нӯшокии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад.

Чуноне ки дар навори видео тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистонро вакилони шаҳри Аммон бо кафкӯбиҳо пазируфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки аз нигоҳи захираҳои оби ошомиданӣ Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ҳудуди 60 фоизи оби нӯшокии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.

«Барои интиқоли нафту газ дар саросари дунё садҳо ҳазор километр қубуру лӯлаҳо сохта шуда, магар имкон надорад, ки барои интиқоли оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Урдун қубур бунёд намуд?», – қайд кард зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти вазири захираҳои обу обёрии Урдун Хазем ал-Носир, ки гуфтаҳои ӯро нашрияи «Известия» меорад, камбуди об дар кишвари ӯ аллакай 600 млрд. литр дар як солро ташкил дода, маблағи пардохти 1 метри мукааби об 0,7 долларро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки арзиши аслии интиқоли он ба 2,5 доллар баробар аст. Урдун ҳамасола барои таъмини обу обёрӣ 277 млн. доллар маблағ харҷ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташриф овард. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Аммон ба Сарвари давлати Тоҷикистон унвони олии – Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...