Дар фурудгоҳи Душанбе 150 мусофири Turkish Airlines бағочи худро нагирифтанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Беш аз 150 нафар мусофироне, ки рӯзи 14 декабр аз шаҳри Истанбули Туркия ба фурудгоҳи Душанбе омаданд, то ҳол бағочи худро гирифта наметавонанд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines, ки парвоз тариқи ин хатсайрро ба иҷро расонид, ҳолати зикршударо шарҳ надоданд.

«14 декабр дар фурудгоҳи Душанбе 150 нафар мусофирон бағочи худро гирифта натавонистанд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ мебояд кард. Ҳамаи ин бо риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бағоч ва хизматгузорӣ ба мусофирон чун як масхарае ба назар мерасид», – қайд мешавад дар муроҷиати мусофирон.

Дар муроҷиат зикр мегардад, ки ҳавопаймои ин хатсайр бо 40-50 дақиқа дермонӣ ба Душанбе омада, дар фурудгоҳи Истанбул ба мусофирон сабабҳои таъхир ва ҳамчунин ба ҳавопаймо бор нашудани бағочашонро хабар надодаанд.

Дар бораи саривақт нагирифтани бағоч мусофирон танҳо баъди ба фурудгоҳи Душанбе нишастани ҳавопаймо аз намояндаи Turkish Airlines Отабек Ҳамроқулов хабардор шудаанд.

Бино ба гуфтаи мусофирон, Ҳамроқулов аз ҳамаи мусофирон дархост кардааст, ки барои гирифтани бағочҳояшон рӯзи 16 декабр соати 3:30 дақиқа ба фурудгоҳ оянд.

«Бисёре аз моро лозим аст, ки ба ноҳияҳои дигари кишвар равем. Ба ҷои ташкили овардани бағоч, мусофиронро маҷбур мекунанд, ки субҳи хеле барвақт ба фурудгоҳ ҳозир шаванд», – шикоят мекунанд мусофирони хатсайр.

Намояндаи расмии Turkish Airlines дар Душанбе Ихтиёр Холмирзоев дар гуфтугӯи телефонӣ аз шарҳи сабабҳои рух додани чунин ҳолат худдорӣ намуда, зикр кард, ки намояндагӣ танҳо баъди дастрас кардани дархости хаттӣ ин масъаларо шарҳ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ширкати ҳавопаймоӣ бо сабабҳои техникӣ бағочи мусофиронро ба Душанбе наовардааст: иқтидори борбардории ҳавопаймо ба бор кардани ҳамаи бағоч имкон надодааст.

Зимнан зикр гардид, ки мусофирони ин хатсайр рӯзи шанбе аз фурудгоҳ бағочҳои худро гирифта метавонанд. Маблағи нигаҳдории бағочҳоро ширкати ҳавопаймоии туркӣ пардохт мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...