Маъзарати Turkish Airlines ва ваъдаи пагоҳ баргардонидани бағочи мусофирон

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines дар Тоҷикистон сабабҳои аллакай муддати ду шабонарӯз бағочи худро гирифта натавонистани мусофирони хатсайри Истанбул – Душанберо шарҳ дод. «Ширкати Turkish Airlines барои нороҳат сохтани мусофирон маъзарат хоста, кафолат медиҳад, ки вазъ дар фурсати наздиктарин ба эътидол оварда хоҳад шуд, – қайд мешавад дар посухи хаттии намояндагӣ – Ба маълумоти мусофирон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines дар Тоҷикистон сабабҳои аллакай муддати ду шабонарӯз бағочи худро гирифта натавонистани мусофирони хатсайри Истанбул – Душанберо шарҳ дод.

«Ширкати Turkish Airlines барои нороҳат сохтани мусофирон маъзарат хоста, кафолат медиҳад, ки вазъ дар фурсати наздиктарин ба эътидол оварда хоҳад шуд, – қайд мешавад дар посухи хаттии намояндагӣ – Ба маълумоти мусофирон расониданием, ки шаби 14 декабр дар Душанбе обуҳавои номуосид пешгӯи шуда, дар ин ҳолат роҳбари сарнишинони ҳавопаймо бояд ду фурудгоҳи дигари иловагиро муайян кунад ва ин фурудгоҳҳои Хуҷанду Самарқанд мебошанд».

Қайд мешавад, ки дар Хуҷанд низ обуҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, барои нишастан дар фурудгоҳи Самарқанд 1,5 тонна сӯзишвории иловагӣ лозим аст.

«Дар ин робита, барои пешгирии ҳар гуна хатар ҳангоми нишастан, роҳбари ҳайати сарнишинон тасмим гирифт, ки аз ҳисоби 1,5 тонни бори мусофирон 1,5 тонна сӯзишвории захиравӣ гирад», – омадааст дар посух.

Дар намояндагии ширкат овозаҳои «ба зиёни аксари мусофирон овардани бори тоҷирон»-ро қотеъона рад карданд.

«Мо кафолат медиҳем, ки тамоми бору бағочи рӯзи 16 декабр ба Душанбе хоҳад расид. «Мусофирон дар худи фурудгоҳ ва дафтари кории  «Turkish Airlines» дар Душанбе бағочҳои худро гирифта метавонанд ё кормандони ширкати ҳавопаймоӣ бағочро ба суроғаи таъиншуда бурда мерасонанд», – таъкид мешавад дар посухи хаттӣ.

Ёдрас мекунем, ки беш аз 150 нафар мусофироне, ки рӯзи 14 декабр аз шаҳри Истанбули Туркия ба фурудгоҳи Душанбе омаданд, то ҳол бағочи худро гирифта наметавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.