Аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1,6 млрд. доллар ворид шуд

Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2017 ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 663 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 млн. доллар бештар аст. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аз ҳама бештар маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюм – […]

Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2017 ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 663 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 млн. доллар бештар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аз ҳама бештар маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюм – 741 млн. доллар ворид шуда, як интиқоли маблағ ба ҳисоби миёна 102 долларро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби шаҳрвандони Русия – 171 млн. ва шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, 570 млн. доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Дар навбати худ тӯли семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ 107 млн. доллар (ҳаамин давраи соли 2016 – 113 млн.) маблағ фиристода шудааст.

Сохтори асъории интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон: 71,6% – рубли Русия, 28,2% – доллари ИМА ва 0,2% – евро.

Қобили зикр аст, ки ахиран тамоили афзоиши назарраси ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба кишварҳои ИДМ ба мушоҳида расида, тӯли 9 моҳи соли равон ба кишварҳои узви Иттиҳод 8,7 млрд. доллар (9 моҳи соли 2016 – 7,4 млрд. доллар) маблағ интиқол ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра аз Русия ба Ӯзбекистон – 2 млрд. 636 млн. доллар ва Қирғизистон – 1 млрд. 576 млн. доллар маблағ фиристода шудааст.

Соли 2016 ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 929 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 651 млн. доллар (1 млрд. 278 млн.) бештар буд. Соли 2014 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон – 3 млр 831 млн. ва соли 2013 – 4 млрд. 155 млн. долларро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.