Беҳрӯзи Хоҷазода варзишгари соли 2017 дониста шуд

АЖРВТ

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазодаро варзишгари сол эълон кард.

Ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи аввал мебошад.  

Варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, ки моҳи ноябри соли равон дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай, инчунин дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни 68 кг медали тилло, дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод дар намуди самбои варзишӣ дар вазни 74 кг медали тилло ва дар намуди гуштини кураш дар вазни 73 кг медали нуқра гирифтааст.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни 90 кг дар Ҳонконг бо медали тилло сарфароз гаштааст, дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ӯ дар мавсими имсола, инчунин дар Гран-прии Тошканд ҷойи якум, дар Гран-прии Анталия ҷойи дуюм ва дар Ҷоми кушодаи Аврупо дар Минск ҷойи сеюмро соҳиб шудааст.

Гурзандози машҳур Дилшод Назаров, ки дар чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар Ҳиндустон бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуд, дар феҳристи АЖРВТ ҷойи сеюмро ишғол намуд. Қаҳрамони олимпӣ, инчунин имсол дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин инҳо дохил шуданд:

Акмалиддин Каримов (самбо) – ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сочи, ҷойи якум дар чемпионати Осиё дар Тошканд, ҷойи якум дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод. 

Темур Раҳимов (дзюдо) – ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 100 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар Тошканд, ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё байни наврасон дар Бишкек, ҷойи дуюм дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон.

Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 66 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Африқо байни наврасон дар Тунис, ҷойи якум дар Ҷоми Аврупо байни наврасон дар Руминия.

Ҷамолиддин Абдуллоев (дзюдо) – ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар вазни 66 кг дар шаҳри Сантягои Чили.

Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) – ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр дар Чин.

Ҷаҳон Қурбонов (бокс) – ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё дар вазни 91 кг дар Тошканд.

Миҷгона Самадова (кикбоксинг) – ҷойи якум дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод дар навъи кик-лайт дар вазни 60 кг.

Ба иттилои раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2017 намояндагони шаш намуди варзиш дохил шуданд. Ҳафт нафари онҳо ба чор намуди олимпӣ – дзюдо, варзиши сабук, қаиқронӣ ва бокс, се нафари дигар ба ду намуди ғайриолимпӣ – самбо ва кикбоксинг мутааллиқанд.     

“Бояд тазаккур дод, ба Беҳрӯзи Хоҷазода, донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, пас аз 42 соли пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов муяссар шуд, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни бузургсолон медали тилло ба даст орад. Бинобар ин, бо раъйи бештари хабарнигорон ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол мақоми аввалро касб намуд”, – иброз дошт Нарзулло Латипов. 

Ӯ гуфт, ки имсол се варзишгари тоҷик – Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Ҷамолиддин Абдуллоев – дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонону наврасон дар намудҳои олимпии варзиш (дзюдо) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Аз рӯи натиҷагирии раъйдиҳии хабарнигорон ҳарсе ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарин дохил шуданд.

Вале раиси АЖРВТ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имсол ягон варзишгар аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон миёни бузургсолон дар намудҳои олимпии варзиш медал ба даст наовардааст. Ҳатто қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров, ки ду сол пеш барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар гурзандозӣ гардида буд, имсол дар чунин мусобиқот дар Лондон ҷойи ҳафтумро гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...