Ба Президент итминон доданд, ки дар кишвар 20 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин […]

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин намоишгоҳи бузурги саноатӣ намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ асосан молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, мошинолоти гуногун, маҳсулоти хӯрокворӣ, чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, алюминий, маҳсулоти пластмасӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, намунаи ҳунари дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, ки дар 11 моҳи соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 миллиарду 845 миллион сомониро ташкил дод ва ин нишондод нисбат ба соли 2016 2 миллиарду 755 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Дар ҳамин замина аз соли 2015 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошад. Дар ин давра истеҳсоли беш аз 70 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид.

Давоми соли равон дар соҳаи саноати сабук ва пилла 4 корхона дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 7 корхона, дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 7 корхона, дар соҳаи саноати ангишт 2 корхона ва дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қимматбаҳо 3 корхона техника ва технологияи нав ворид кардаанд.

Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар 11 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 163 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 2 ҳазору 803 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.