Ҳаҷми қарзҳои батаъхирафтода дар бонкҳо то 2,2 млрд. сомонӣ коҳиш ёфт

Ба аввали моҳи ноябр ҳаҷми қарзҳои батаъхирафтода (муҳлаташ гузашта) дар низоми бонкии Тоҷикистон наздики 2,2 млрд. сомонӣ (аввали моҳи ноябри соли 2016 – беш аз 2,7 млрд. сомонӣ)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз ин миқдор ҳаҷми қарзҳо 72,5 фоиз (ҳудуди 1,6 млрд) бо асъори хориҷӣ ва 27, 5 фоиз […]

Ба аввали моҳи ноябр ҳаҷми қарзҳои батаъхирафтода (муҳлаташ гузашта) дар низоми бонкии Тоҷикистон наздики 2,2 млрд. сомонӣ (аввали моҳи ноябри соли 2016 – беш аз 2,7 млрд. сомонӣ)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз ин миқдор ҳаҷми қарзҳо 72,5 фоиз (ҳудуди 1,6 млрд) бо асъори хориҷӣ ва 27, 5 фоиз (606,1 млн.) бо пули миллӣ дода шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба санаи 1 ноябри соли равон ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ ба соҳаҳои асосии иқтисод наздики 9,1 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз ё худ 1,4 млрд. сомонӣ камтар аст.

Қаблан Бонки миллӣ дар бораи семоҳаи аввали соли равон 13 фоиз кам шудани бақияи қарзҳо дар низоми бонкии ҷумҳурӣ дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2016 хабар дод. Ҳаҷми қарзҳо ба охири моҳи сентябр 9,2 млрд. сомониро ташкил додааст.

Бақияи қарзҳо бо асъори миллӣ – 8,3 фоиз ва асъори хориҷӣ – 15 фоиз коҳиш ёфтаааст. Ҳаҷми амонатҳо 9,4 фоиз поин рафта, ба 8,8 млрд. сомонӣ баробар шудааст.

Дар низоми бонкии Тоҷикистон айни замон 17 бонк, 7 ташкилоти қарзии хурд, 33 ташкилоти амонатии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд амал мекунанд.

Ду бонк – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис шуда, феълан ҷараёни барҳамдиҳии онҳо мавриди амал қарор дорад.

Боз ду бонки низомсоз – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар ҳудуди муфлисшавӣ қарор доштанд, аммо ҳукумат воситаҳои пулӣ ҷудо карда, онҳоро наҷот дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.