Маросими ба Тоҷикистон супурдани силоҳу техникаи ҳарбии Русия

Нимаи дуюми имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии артиши Тоҷикистон дар канори пойтахт маросими ба Тоҷикистон супурдани аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳо доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод. Аввали моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе миёни Тоҷикистону Русия дар […]

Нимаи дуюми имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии артиши Тоҷикистон дар канори пойтахт маросими ба Тоҷикистон супурдани аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳо доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Аввали моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ бобати бо аслиҳаву муҳимот ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда буд.

Қаблан аксари коршиносони тоҷик изҳор дошта буданд, ки тӯл кашидани қабули қарорҳо оид ба ин масъала, узвияти Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба дарозо кашида буд.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати мудофиаи Русия дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ ва чархболҳо хабар дод.

«Дар чаҳорчӯби ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ байни Русия ва Тоҷикистон, аслиҳа, аз ҷумла воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ барои таҳкими посбонии марз бо Афғонистон дода мешаванд», – омадааст дар маълумоти Вазорати мудофиаи Русия.

Дар маълумот қайд мешавад, ки аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ (техникаи зиреҳпӯши БТР-80, машинаҳои ҷангии пиёдагардон БМП-2, танкҳои Т-72 ), чархболҳо ( Ми-8 ва Ми-24), воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, амволи ақибгоҳ, таҷҳизоти тиббӣ ва топографӣ  ба ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон супурда мешаванд.

Гуфта мешавад, ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ дар доираи иҷрои Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки воситаи калидии баланд бардоштани иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон асту ба тавсеаи имконоти мубориза бо таҳдиди террористӣ ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон имкон медиҳад, амалӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.