Дафтари кории ширкати «Вавилон» дубора боз шуд. Алоқа бо NGN баста аст

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дубора боз шудани Маркази хизматгузории муштариён дар дафтари асосии кории ширкати «Вавилон» («Вавилон-М» ва «Вавилон-Т») иҷоза дод. Дар худи ширкат ва ҳамчунин Хадамоти алоқа аз шарҳи ҷузъиёти ин қарор худдорӣ варзиданд. Аммо тавре муштариёни ширкат, ки аз  NGN истифода мебаранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун дастрасӣ ба ин хизматгузории мазкури IP-ҳои […]

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дубора боз шудани Маркази хизматгузории муштариён дар дафтари асосии кории ширкати «Вавилон» («Вавилон-М» ва «Вавилон-Т») иҷоза дод.

Дар худи ширкат ва ҳамчунин Хадамоти алоқа аз шарҳи ҷузъиёти ин қарор худдорӣ варзиданд. Аммо тавре муштариёни ширкат, ки аз  NGN истифода мебаранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун дастрасӣ ба ин хизматгузории мазкури IP-ҳои хориҷӣ қатъ шудааст.

Дафтари кории ширкатро Хадамоти алоқа санаи 15 декабр муҳр зада, он замон аз ширкат ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки сабабаш аз ҷониби ширкат саривакт қатъ накардани NGN ба IP-суроғаҳои хориҷӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи ноябр Хадамоти алоқа аз операторони мобилӣ ва интернет-провайдерҳо талаб кард, ки шабакаи NGN-ро дар трафики байнулмилалӣ қатъ кунанд. Сабабаш зарурат ба таъмини амнияти кишвар унвон шуд. Ба операторон санади расмии бо кадом асос амалӣ шудани ин кор ва аз ҷониби маҳз кӣ қабул шудани қарори мазкур пешниҳод нашуд.

Ширкати «Истера» дар сомонаи худ огоҳӣ мунташир кард: Дар робита ба талаботи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, дастрасӣ ба хизматгузориҳои алоқаи телефонӣ тариқи технологияи SIP аз IP-суроғаҳои хориҷӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки шумори муштариёни алоқаи NGN дар Тоҷикистон наздики миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аксарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ширкатҳои Babilon-T, Tcell (Чи гап), Beeline (Salom), Estera ва Intercom дорои рақамҳои NGN мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.