Задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон ва мусодираи 17 кило героин

Дар натиҷаи амалиёти муштараки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб” аз интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, қочоқбарони номаълуми афғон иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба […]

Дар натиҷаи амалиёти муштараки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб” аз интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, қочоқбарони номаълуми афғон иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба амал омадааст.

«Қочоқбарон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон паноҳ бурданд», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, зиёда аз 17 кило маводи сахтаъсири героин, 11 кило маводи мухадири навъи ҳашиш ва  10 кило афъюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.