Хадамоти алоқа иҷозатномаи ширкатҳоро барои NGN расман бозхонд

Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) доир ба қатъи дастрасӣ ба  NGN-телефония дастур додааст.

Дар мактуби ба дасти «Азия-Плюс» расидаи Хадамоти алоқа, ки санаи 18 декабр ба ширкатҳои «Тоҷиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» фиристода шудааст, зикр мегардад, ки Хадамоти алоқа ҳамаи иҷозатномаҳо барои истифодаи NGN-и ин ширкатҳоро бекор мекунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар муддати панҷ рӯз ширкатҳо ва мақомоти назоратӣ бояд дар бораи иҷрои ин дастур ҳисобот диҳанд. Дар ҳамин ҳол, дар матни мактуб саҳеҳ нишон дода намешавад, ки NGN танҳо барои IP-адресҳои хориҷӣ ё ба ҳама навъи NGN қатъ карда шавад.

«Аввал дар бораи қатъи NGN танҳо барои IP-адресҳои хориҷӣ нома расида, баъдан ин дастур пайдо шуд. Айни замон дақиқан маълум нест, вале ба ҳар ҳол, дар дастур қайд шудааст, ки иҷозатнома ба қисмате аз хизматгузории NGN қатъ шавад. То ҷое, ки ман огаҳам, акнун талаб мекунанд, ки замимаи мобилӣ умуман кор накунад», – гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкатҳои мобилӣ.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушд Асомуддин Атоев мегӯяд тасмими бастани NGN ва эҳтимоли қатъи мессенҷерҳо ба сиёсати давлатии рушди устувор мухолиф буда, бар асари қабули чунин қарорҳо сол то сол бозори телекоммуникатсионии кишвар коҳиш меёбад ва кам шудани шумори корбарон ва поинравии ҳаҷми даромади бозор гувоҳи он аст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон низ бо ирсоли як нома ба унвонии раисиҷумҳури кишвар барномаҳои мухобиротии интернетиро сабаби кам шудани нақшаи ҷамъоварии андоз номидааст.

Кумита дар ин нома батафсил навиштааст, ки бахши аъзами гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи «Скайп, «Вайбер», «Ви Чат», «ИМО», «Чӣ Гап», «ОК», «VK» ва «Инстаграм» сурат мегиранд. Ҳамчунин аз алоқаи навъи NGN ёдоварӣ шуда, ки ба гуфтаи муаллифони ин нома, «аз алоқаи муқаррарии байналмилалӣ 10 маротиба арзон аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...