Ҳукми нахусти ҳабси абад барои нашъаҷаллобӣ дар Русия. Ба шаҳрванди Тоҷикистон

Суди вилояти Маскав бори нахуст дар таҷрибаи кори мақомоти суди Русия барои фурӯши маводи мухаддир айбдоршавандаро ба ҳабси якумра маҳкум кард. Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, ҳукм нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Шералӣ Табаров содир шудааст. Нашрияи Коммерсант дар ин робита менависад, чунин ҷазоро барои Табаров айбдоркунандаи давлатӣ дархост намуда, маҳкумшуда ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо […]

Asia-Plus

Суди вилояти Маскав бори нахуст дар таҷрибаи кори мақомоти суди Русия барои фурӯши маводи мухаддир айбдоршавандаро ба ҳабси якумра маҳкум кард. Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, ҳукм нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Шералӣ Табаров содир шудааст.

Нашрияи Коммерсант дар ин робита менависад, чунин ҷазоро барои Табаров айбдоркунандаи давлатӣ дархост намуда, маҳкумшуда ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.

Дигар 14 нафар ҳаммаслакони Табаров, ки низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ба муҳлати аз 6 то 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. Онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар гунаҳкор дониста шуданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РБК, аз соли 2012 то соли 2015 гурӯҳи Табров ба қочоқ ва паҳнкунии маводи нашъаовари героин дар Русия машғул буд. Героин ба миқдори то 100 килоро онҳо дар автомашинаҳои боркаш (фура) интиқол медоданд. Гурӯҳи Табаров интиқоли 600 кило героинро аз Афғонистону Тоҷикистон ба Русия ташкил карда, онро дар сабаду қуттиҳои олуча ва харбуза пинҳон карда буданд.

Соли 2003 суди вилоятиПенза Табаровро барои ҷинояти марбут ба гардиши маводи мухаддир ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд. Бо дархости Тоҷикистон ӯ ба ватан истирдод шуда, баъди чанд сол мавриди авф қарор гирифт.

Хабаргузории Коммерсант менависад, тибқи фарзияи тафтишот, баъди озод шудан, Табаров чандин маротиба бо шиносномаи қалбакӣ ба Русия омада, роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешае шуд, ки ба интиқоли героин аз Афғонистону Тоҷикистон ба қаламрави Русия машғул буд.

Тибқи маълумоти Медуза, соли 2012 ба моддаҳои қочоқ ва фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Русия имкони содир шудани ҳукми ҳабси абад низ илова шуд.

Мувофиқи маълумоти омории Суди олии Русия, тӯли ҳафт соли охир танҳо нисбати айбдоршавандагон ба одамкушӣ ҳукми ҳабси абад содир шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ