Cаидҷаъфар Исмонов дубора пешвои ҲДТ интихоб шуд

Аваз Юлдошев

Дар анҷумани навбатии 14-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), ки охири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе баргузор шуд, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шӯрои сиёсии ҲДТ дар ин робита иттилоъ дод, интихоби пешвои ҳизб бар асоси алтернативӣ доир гардида, ба ҷонибдории раиси амалкунандаи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов – 69 нафар ва ҳарифи ӯ, роҳбари ташкилоти ҳизб дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошев – 9 нафар вакилони анҷуман раъй доданд.

Зимнан зикр гардид, ки Таваралӣ Зиёзода, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳикматулло Саидиён, Абдуҷаббор Юлдошев, Зуҳро Мирзоева ва Диловар Холов муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.

Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...