Cаидҷаъфар Исмонов дубора пешвои ҲДТ интихоб шуд

Дар анҷумани навбатии 14-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), ки охири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе баргузор шуд, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шӯрои сиёсии ҲДТ дар ин робита иттилоъ дод, интихоби пешвои ҳизб бар асоси алтернативӣ доир гардида, ба ҷонибдории раиси амалкунандаи ҳизб […]

Аваз Юлдошев

Дар анҷумани навбатии 14-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), ки охири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе баргузор шуд, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шӯрои сиёсии ҲДТ дар ин робита иттилоъ дод, интихоби пешвои ҳизб бар асоси алтернативӣ доир гардида, ба ҷонибдории раиси амалкунандаи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов – 69 нафар ва ҳарифи ӯ, роҳбари ташкилоти ҳизб дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошев – 9 нафар вакилони анҷуман раъй доданд.

Зимнан зикр гардид, ки Таваралӣ Зиёзода, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳикматулло Саидиён, Абдуҷаббор Юлдошев, Зуҳро Мирзоева ва Диловар Холов муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.

Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.