ФФТ беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2017-ро эълон кард

Радиои Озодӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтаринҳоро эълон кард ва рӯзи 23-юми декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и Душанбе ба ғолибон ҷоизаҳои инфиродиро тақдим намуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар ин маросим зикр гардидааст, ки имсол дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 даст ёфтанд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – 2017 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Инчунин, дастаи мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифт.

Баъдан аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 ғолибони 21 номинатсия эълон шуда, бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гаштанд. Аз он ҷумла, ҷоизаи “Бозигари беҳтарини сол” ба Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби миллии Тоҷикистон, супурда шуд.

Барандагони ҷоизаҳои ФФТ дар соли 2017:

Бозёфти сол

Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»)

Футболбоззани беҳтарин

Некӯбахт Худододова («Динамо»)

Мураббии беҳтарини футболи занона

Зебо Гасимова («Динамо»)

Бозигари беҳтарини сол оид ба футзал

Файзалӣ Сардоров («Сипар»)

Мураббии беҳтарини сол оид ба футзал

Мустафо Афшорӣ («ДИСИ Инвест»)

Довари беҳтарини сол

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Мураббии беҳтарини сол дар мусобиқоти ҷавонон

Юсуф Рабиев («Истиқлол»)

Мураббии беҳтарини сол дар лигаи якум

Ниёзалӣ Бобохонов («Эсхата»)

Дарвозабони беҳтарини сол

Никола Стошич («Истиқлол»)

Ҳимоятгари беҳтарини сол

Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»)

Нимҳимоятгари беҳтарини сол

Дэвид Мавутор («Истиқлол»)

Ҳамлагари беҳтарини сол

Дилшод Восиев («Истиқлол»)

Мураббии беҳтарини сол

Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)

Бозигари беҳтарини сол

Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Ҷоизаҳое, ки инчунин дар ин маросим супурда шуданд:

Мураббии беҳтарини кӯдакона – Сафаралӣ Раҳмонов (МҶМОВ);

Бозигари беҳтарини лигаи наврасон (U-15) – Партулло Хуршедзода («Орзу-2026»);

Мураббии беҳтарини лигаи наврасон (U-15) – Рустам Қурбонов («Орзу-2026);

Бозигари беҳтарини лигаи наврасон (U-17) – Муҳаммад Айнӣ («Истиқлол»);

Мураббии беҳтарини лигаи наврасон (U-17) – Алишер Тағоев («Истиқлол»);

Бозигари беҳтарини мусобиқоти дублёрҳо – Ҳомид Гуломӣ («Истиқлол»);

Бозигари беҳтарини лигаи якум – Атҳамҷон Абдуллоев («Кӯктош»).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...