Сабукдӯшии якбора 50 мансабдор дар Вазорати молияи Ӯзбекистон

Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта якбора 50 нафар мансабдор аз вазифаҳояшон дар Вазорати молияи Ӯзбекистон озод карда шуданд.

Бино ба иттилои нашрияи Kun.uz, аз ҷумлаи роҳбарони сатҳи болоӣ аз сардори департаменти  сиёсати андозу гумрук Ирина Голишева ва департаменти методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Шарофиддин Ҳайдаров ном бурда шуда, ҳамчунин ду нафар муовинони сардорони департаментҳо низ аз мансаб сабукдӯш шудаанд.

Гуфта мешавад, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазири молияи ин кишвар Ҷашед Қӯчқоров супориш додааст, ки дар муддати 10 рӯз вазоратро аз кормандони беинсоф поккорӣ намуда, ба ҷойи онҳо «ҷавонони ватандӯст»-ро ба кор ҷалб намояд. Дар сурати иҷро нашудани ин супориш, ба худи Қӯчқоров аз кор озодшавӣ таҳдид мекард.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби камбуди буҷет ва дигар норасоиҳо дар фаъолият давоми соли равон, президенти Ӯзбекистон норозигӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар сурати ба нокомӣ дучор шудани ислоҳот, шахсан барои ба истеъфо рафтан омода аст.

«Ё ҳамаашро ислоҳ мекунам, ё меравам. Зиёда аз 20 сол аст, ки мо бо сабаби дар Вазорати молия фаъолият доштани одамони «оқилу доно» ба мардум нишондиҳандаҳои нодуруст медодем», – изҳор дошааст Шавкат Мирзиёев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...