Сабукдӯшии якбора 50 мансабдор дар Вазорати молияи Ӯзбекистон

Охири ҳафтаи гузашта якбора 50 нафар мансабдор аз вазифаҳояшон дар Вазорати молияи Ӯзбекистон озод карда шуданд. Бино ба иттилои нашрияи Kun.uz, аз ҷумлаи роҳбарони сатҳи болоӣ аз сардори департаменти  сиёсати андозу гумрук Ирина Голишева ва департаменти методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Шарофиддин Ҳайдаров ном бурда шуда, ҳамчунин ду нафар муовинони сардорони департаментҳо низ аз мансаб […]

Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта якбора 50 нафар мансабдор аз вазифаҳояшон дар Вазорати молияи Ӯзбекистон озод карда шуданд.

Бино ба иттилои нашрияи Kun.uz, аз ҷумлаи роҳбарони сатҳи болоӣ аз сардори департаменти  сиёсати андозу гумрук Ирина Голишева ва департаменти методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Шарофиддин Ҳайдаров ном бурда шуда, ҳамчунин ду нафар муовинони сардорони департаментҳо низ аз мансаб сабукдӯш шудаанд.

Гуфта мешавад, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазири молияи ин кишвар Ҷашед Қӯчқоров супориш додааст, ки дар муддати 10 рӯз вазоратро аз кормандони беинсоф поккорӣ намуда, ба ҷойи онҳо «ҷавонони ватандӯст»-ро ба кор ҷалб намояд. Дар сурати иҷро нашудани ин супориш, ба худи Қӯчқоров аз кор озодшавӣ таҳдид мекард.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби камбуди буҷет ва дигар норасоиҳо дар фаъолият давоми соли равон, президенти Ӯзбекистон норозигӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар сурати ба нокомӣ дучор шудани ислоҳот, шахсан барои ба истеъфо рафтан омода аст.

«Ё ҳамаашро ислоҳ мекунам, ё меравам. Зиёда аз 20 сол аст, ки мо бо сабаби дар Вазорати молия фаъолият доштани одамони «оқилу доно» ба мардум нишондиҳандаҳои нодуруст медодем», – изҳор дошааст Шавкат Мирзиёев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.