Шарҳи ҷорӣ намудани низоми SWIFT ба ташкилотҳои қарзӣ

Asia-Plus

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ – аъзоёни Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT-и Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷиҳати мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT вохӯрӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, вохӯриро муовини Раиси Бонки миллӣ Машрабзода Ҳамидулло ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии амалиётҳои қаллобӣ ва таъмини амнияти иттилоот дар низоми SWIFT, ташкилотҳои қарзӣ бояд аз тағйироту талаботҳои ҳамарӯзаи Ҷамъияти SWIFT огаҳӣ дошта, аз ин рӯ, бо мақсади мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандагони SWIFT гузаштани раванди аттестатсия ҳатмӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ инчунин вобаста ба масъалаҳои раванди мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT (CSP – Customer Security Programm) ва гузаштани аттестатсия сардори бахши дастгирии техникии SWIFT Яҳёев Бахтиёр баромади мушаххас намуда, иттилоъ дод, ки айни замон ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ аз раванди аттестатсия бомувафаққият гузашта, худро дар платформаи KYC-SA санҷиданд.

«Мақсади асосии ҷорӣ намудани Барномаи CSP ин расонидани кӯмак ба истифодабарандагони SWIFT дар самти таъмини амният, ҳифзи инфрасохтори дохилӣ ва мубориза бар зидди қаллобӣ мебошад», – иброз дошт номбурда.

Дар идомаи мулоқоти корӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот дар ҷойи кории нуқтаи дастрасӣ ба низоми SWIFT, ҳифзи ҷойи корӣ, ҳифзи гузарвожаҳо ва соқиту қатъ намудани ҳуқуқу ваколатҳои истифодабарандагон дар ин низом сардори бахши ҳифзи иттилоот – Абдуллоев Шамсиддин ба саҳми иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд. Дар қисмати муҳокима намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Зикр мегардад, ки вохӯрии кориро муовини раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки чунин мулоқотҳо барои таҳким бахшидани ҳамкории судманд бо ташкилотҳои қарзӣ дар самти пешгирӣ намудани амалиётҳои барои низоми SWIFT хавфнок ва таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти сомонаи www.swift.ru , айни замон аз низоми SWIFT наздики 8 ҳазор ташкилотҳои бузургтарини қарзӣ ва молӣ, бонкҳои марказиву миллӣ, ширкатҳои рушёфтаи саноатӣ аз 204 кишвари саросари дунё истифода мекунанд. Ҳамарӯза тариқи шабакаи SWIFT  беш аз 10 млн. маълумот ба маблағи умумии зиёда аз 6 трлн. доллар интиқол меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...