Суғд: зани шиносашро ба 30 ҳазор доллар ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхта маҳкум шуд

Сокини шаҳри Душанбе Дилрабо Мирзобековаи 25-сола бо ҷурми хариду фурӯши одамон ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Ӯ шиносашро бо нархи 30 ҳазор доллар ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхтааст. Ба гуфтаи судяи суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси мурофиа Суҳроб Қосимӣ, маҳкумшуда соли 2013 низ ба иттиҳоми авбошӣ равонаи зиндон гардида, соли 2014 аз маҳбас […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе Дилрабо Мирзобековаи 25-сола бо ҷурми хариду фурӯши одамон ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Ӯ шиносашро бо нархи 30 ҳазор доллар ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхтааст.

Ба гуфтаи судяи суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси мурофиа Суҳроб Қосимӣ, маҳкумшуда соли 2013 низ ба иттиҳоми авбошӣ равонаи зиндон гардида, соли 2014 аз маҳбас озод шудааст.

Зикр гардид, ки моҳи августи соли 2016 Дилрабо ҳамроҳи шиносаш бо номи Зебо тариқи сомонаи «Одноклассники» бо ҷабрдида Ф.И. дар тамос шуда, ӯро бо ваъдаи кори маошаш баланд дар яке аз мағозаҳои Дубай, барои ба ин шаҳр омадан водор мекунанд.

«Моҳи октябри соли 2016 Мирзобекова аз ҳисоби худ барои ин зан раводид ва билети ҳавопаймоӣ омода намуда, 1 ноябр ӯро дар Дубай пешвоз мегиранд ва дар хонаи иҷораи худ дар ин шаҳр ҷой медиҳанд», – иброз дошт судя.

Ба гуфтаи ӯ, дар идома онҳо шиносномаи занро гирифта, ӯро маҷбур мекунанд, ки маблағи барои раводид ва билети ҳавопаймоӣ сарфшударо баргардонад.

«Ҷабрдидаро ба як зани дигари машғул ба истисмори шаҳвонии занон дар Дубай фурӯхта, ин зан ҷабрдидаро ба фоҳишагарӣ маҷбур мекунад, то ки пули барои ӯ пардохтаашро «барорад», – иттилоъ дод судя. – Муддати 45 рӯз ҷабрдида зери истисмор қарор гирифта, баъзан дар як рӯз то 15 нафар мизоҷонро қабул мекардааст».

Зимнан зикр гардид, ки баъди кор кардани  пулҳои барои ӯ харҷшуда, занро ҷавоб медиҳанд ва ӯ ба ватан омада, ариза менависад, ки аз рӯи он Дилрабо Мирзобековаро боздошт мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.