Суғд: зани шиносашро ба 30 ҳазор доллар ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхта маҳкум шуд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе Дилрабо Мирзобековаи 25-сола бо ҷурми хариду фурӯши одамон ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Ӯ шиносашро бо нархи 30 ҳазор доллар ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхтааст.

Ба гуфтаи судяи суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси мурофиа Суҳроб Қосимӣ, маҳкумшуда соли 2013 низ ба иттиҳоми авбошӣ равонаи зиндон гардида, соли 2014 аз маҳбас озод шудааст.

Зикр гардид, ки моҳи августи соли 2016 Дилрабо ҳамроҳи шиносаш бо номи Зебо тариқи сомонаи «Одноклассники» бо ҷабрдида Ф.И. дар тамос шуда, ӯро бо ваъдаи кори маошаш баланд дар яке аз мағозаҳои Дубай, барои ба ин шаҳр омадан водор мекунанд.

«Моҳи октябри соли 2016 Мирзобекова аз ҳисоби худ барои ин зан раводид ва билети ҳавопаймоӣ омода намуда, 1 ноябр ӯро дар Дубай пешвоз мегиранд ва дар хонаи иҷораи худ дар ин шаҳр ҷой медиҳанд», – иброз дошт судя.

Ба гуфтаи ӯ, дар идома онҳо шиносномаи занро гирифта, ӯро маҷбур мекунанд, ки маблағи барои раводид ва билети ҳавопаймоӣ сарфшударо баргардонад.

«Ҷабрдидаро ба як зани дигари машғул ба истисмори шаҳвонии занон дар Дубай фурӯхта, ин зан ҷабрдидаро ба фоҳишагарӣ маҷбур мекунад, то ки пули барои ӯ пардохтаашро «барорад», – иттилоъ дод судя. – Муддати 45 рӯз ҷабрдида зери истисмор қарор гирифта, баъзан дар як рӯз то 15 нафар мизоҷонро қабул мекардааст».

Зимнан зикр гардид, ки баъди кор кардани  пулҳои барои ӯ харҷшуда, занро ҷавоб медиҳанд ва ӯ ба ватан омада, ариза менависад, ки аз рӯи он Дилрабо Мирзобековаро боздошт мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...