Ҳабси ғайрирасмии хонагии собиқ вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазири пешини умури дохилии Ӯзбекистон Адҳам Аҳмадбоев, ки ахиран президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор кард, дар ҳабси ғайрирасмии хонагӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, як мансабдори наздик ба Аҳмадбое бидуни ифшои ному асаб, гуфтааст, вазири пешини умури дохилии Ӯзбекистон аз рутбаи генералӣ маҳрум ва ба ҳабси ғайрирасмии хонагӣ гирифта шудааст.

"Моҳи феврал рутбаи Аҳмадбоевро то ба полковникӣ поин оварданд. Вай расман ба нафақа фиристода шуда, ғайрирасмӣ дар доираи парвандаи зидди муовини пешини раиси Хадамоти амнияти Ӯзбекистон Шуҳрат Ғуломов зери назорати мақомоти қудратӣ қарор дорад. Хабарҳо дар бораи фирораш аз кишвар беасосанд", – афзудааст ӯ.

Охири ҳафтаи гузашта Мирзиёев ҳангоми ироаи паём ба порлумони Ӯзбекистон Аҳмадбоевро дар хиёнат ба давлат айбдор кард. "Шумо медонед, ки собиқ вазири умури дохилӣ Аҳмадбоев бо хиёнатҳои худ ба давлат ҳоло дар куҷо аст? Ӯ ҳангоми вазири умури дохилии Ӯзбекистон буданаш ба гуруҳе пайваста, ба давлат хиёнат кард. Пагонҳои ду генералро канда партофтам. Боз онҳо генерал-лейтенант будаанд!"- афзуд президенти Ӯзбекистон.

Адҳам Аҳмадбоев аз вазифаи вазири умури дохилии Ӯзбекистон 4 январи соли равон барканор шуд. Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Аҳмадбоев мушовири президент оид ба умури сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъйин гаштааст. Наздикони Аҳмадбоев мегӯянд, ӯ моҳи марти соли равон ҳамчун омӯзгор ба Академияи ВКД Ӯзбекистон фиристода шуд. Вале ҳамсуҳбати мо, ки худро ёвари раҳбари академия муаррифӣ кард, гуфт, Аҳмадбоев ба нафақа баромад.

Яке аз мансабдорони ҳукумати Ӯзбекистон гуфт, Аҳмадбоев мавриди хашми Мирзиёев қарор гирифтааст, зеро ӯ бо дастури муовини пешини раиси Хадамоти амнияти ин кишвар раисҷумҳур ва аъзои хонаводаашро таҳти назорат гирифта, таъқиб менамудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...