Сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон ба Душанбе

Сирки Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меояд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сирки давлатии Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи ҳунарии сирки Тошканд иборат аз 15 нафар бояд имрӯз ба Душанбе ояд. Зикр гардид, ки намоиши нахустини ҳунармандони Сирки Тошканд санаи 31 декабр (соати 14:00) дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор мешавад. Меҳмонон танҳо дар пойтахти Тоҷикистон […]

Сирки Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сирки давлатии Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи ҳунарии сирки Тошканд иборат аз 15 нафар бояд имрӯз ба Душанбе ояд.

Зикр гардид, ки намоиши нахустини ҳунармандони Сирки Тошканд санаи 31 декабр (соати 14:00) дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор мешавад. Меҳмонон танҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамойӣ мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон муддати як моҳ ба нақша гирифта шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ ва барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.

Қобили зикр аст, ки сафари ҳунарии сирки Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.