Суғд: барканда шудани бомҳову афтодани дарахтҳо аз шамоли сахт

Asia-Plus

Шоми рӯзи 26 декабр шамоли сахт ва барфи тар ба садамаҳо дар якчанд зеристгоҳҳои барқии чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боис гардида, бар асари он қисмате аз аҳолӣ бебарқ монд.

«Дар натиҷаи шамоли сахти пуршиддат 40 симчӯби барқӣ ва 60 дарахт ба замин кӯчида, боми ду манзили зист барканда ва боми яке аз қисмҳои ҳарбӣ низ қисман зарар дид», – хабар дод сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи видоят зиёни иқтисодӣ аз ин офати табииро таҳқиқ ва баҳогузорӣ мекунад.

«Наҷотдиҳандагони Ситоди Кумита дар вилояти Суғд корҳои пешгирии садама ва барқарор кардани таъмини аҳолӣ бо барқро ба анҷом расониданд», – хабар доданд аз маркази матбуот.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаи Facebook низ аз оқибатҳои шамоли пуршиддат дар вилояти Суғд хабар дода, яке аз корбарон сурати арчаи афтида ва дигарӣ акси бомҳои баркандаро гузоштааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...