Суғд: барканда шудани бомҳову афтодани дарахтҳо аз шамоли сахт

Шоми рӯзи 26 декабр шамоли сахт ва барфи тар ба садамаҳо дар якчанд зеристгоҳҳои барқии чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боис гардида, бар асари он қисмате аз аҳолӣ бебарқ монд. «Дар натиҷаи шамоли сахти пуршиддат 40 симчӯби барқӣ ва 60 дарахт ба замин кӯчида, боми ду манзили зист барканда ва боми яке аз қисмҳои […]

Шоми рӯзи 26 декабр шамоли сахт ва барфи тар ба садамаҳо дар якчанд зеристгоҳҳои барқии чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боис гардида, бар асари он қисмате аз аҳолӣ бебарқ монд.

«Дар натиҷаи шамоли сахти пуршиддат 40 симчӯби барқӣ ва 60 дарахт ба замин кӯчида, боми ду манзили зист барканда ва боми яке аз қисмҳои ҳарбӣ низ қисман зарар дид», – хабар дод сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи видоят зиёни иқтисодӣ аз ин офати табииро таҳқиқ ва баҳогузорӣ мекунад.

«Наҷотдиҳандагони Ситоди Кумита дар вилояти Суғд корҳои пешгирии садама ва барқарор кардани таъмини аҳолӣ бо барқро ба анҷом расониданд», – хабар доданд аз маркази матбуот.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаи Facebook низ аз оқибатҳои шамоли пуршиддат дар вилояти Суғд хабар дода, яке аз корбарон сурати арчаи афтида ва дигарӣ акси бомҳои баркандаро гузоштааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.