ВКД номи қотили пешхизматро дар шаҳри Турсунзода эълон кард

Сайфиддин Қараев, Asia Plus

Қотили Дмитрий Каримов, пешхизмати яке аз тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода, дастгир ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад ВКД ҷумҳурӣ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳанд, ки гумонбар ба куштори Дмитрий ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ин хусус баёнот додааст.

Ба иттилои манбаъ, қотил шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Ёдгорови 33-сола буда, бо ҷабрдида дӯст ва шоми 6 ноябр гӯё бо мақсади гуфтугӯ доир ба иҷораи хона, вале дар асл барои ғорат ба хонаи иҷораи ӯ меояд.

«Тавре худи Ёдгоров иқрор шуд, вақти гуфтугӯ бо Дмитрий замони ба пахлӯи дигар гаштани ӯ бо корд нахуст ба қисмати чап ва сипас ба қисми рости бадани ӯ зарба зада, ҳангоме ки Дмитрйи аз зарбаҳои ногаҳонӣ хам мешавад, ба гарданаш зарба мезанад. Ӯ иқрор шуд, ки 5 маротиба бо корд зарба задааст», – иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки баъди анҷоми куштор Ёдгоров телефони мобилӣ ва дастпонаи тиллои кушташударо гирифта, хонаро тарк мекунад. Ҷабрдида ҳатто ба доду фарёд задан ҳам фурсат наёфта буд, аз ин рӯ, ӯ ноаён аз хона меравад.

Айни замон дар прокуратураи шаҳри Турсунзода нисбати гумонбаршуда мувофиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Ёдгоров дар боздоштгоҳи пешакӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Дмитрий 42-сола буда, муддати зиёд дар яке аз чойхона-тарабхонаҳои шаҳри Турсунзода ба сифати ёвари ошпаз кор мекард. Ӯ танҳо зиндагӣ карда барои харидани хона дар Душанбе ва кӯчидан ба пойтахт пул ҷамъ мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...