БМТ маълумоти таъсиси гурӯҳи солимгардонии бонкҳоро рад кард

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумоти таъсиси гурӯҳи кориро оид ба солимгардонии вазъи бонкҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар чанде аз ВАО интишор шуд,  рад кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ,  маълумоти баъзе васоити ахбори умум дар бораи аз ҷониби ҳукумат таъсис дода шудани гурӯҳи корӣ оид ба солимгардонии вазъи бонкҳо асоси воқеӣ надорад.

«Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати мақоми ваколатдор барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ вазифадор мебошад, – қайд мешавад дар маълумоти БМТ дар ин робита. – Аз ин рӯ, дар ҳолати ташкил шудани чунин гурӯҳҳои корӣ, ки дар матолиби нашршудаи ВАО сухан меравад, огоҳ хоҳад буд».

Бонки миллӣ аз ВАО дархост намудааст, ки дар нашри матолиби худ вобаста ба ин мавзӯъ ба таҳриф роҳ надода, оянда бо такя ба сарчашмаи муътамад мавод таҳия созанд, бахусус дар ҳолатҳое, ки сухан аз қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ меравад.

«Дар ҳолати такрор шудани чунин ҳолатҳои таҳрифкорӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма, зарурат ба миён меояд, ки Бонки миллӣ бо мақсади дарёфт кардани сарчашмаҳои ҳангомаҷӯйи “махфӣ” (аксар вақт расонаҳои болозикр ба онҳо такя мекунанд) ва пешниҳод шудани маълумоти носанҷида ва бардурӯғ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд», – огоҳ карда мешавад дар маълумот.

Дар ин маврид сари маълумоте сухан меравад, ки санаи 26 декабр дар сомонаи Радиои Озодӣ чоп шуда, сипас аз ҷониби баъзе ВАО, аз ҷумла хабаргузории «Азия-Плюс» низ мунташир гардид.

Дар маълумоти радио бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои бонкӣ қайд шуда буд, ки гурӯҳӣ корӣ ба масъалаи аз буҳрон раҳо кардани ду бонки дучори мушкилот – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» машғул шуда, онро роҳбари кумитаи молия ва иқтисоди парлумон Шариф Раҳимзода роҳбарӣ мекунад. Лекин айни замон ин хабар аз сомонаи Радиои Озодӣ хориҷ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...