Манбаъ: парвандаи Мирсаидов метавонист то прокуратура нарасад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парвандаи роҳбари КВН (Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон) Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов метавонист то мақомоти прокуратура нарасад, хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин бора як манбаи огаҳ дар дастгоҳи раиси вилояти Суғд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябри соли равон Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд доир ба санҷиши фаъолияти молиявии Мирсаидов ба сифати роҳбари КВН Тоҷикистон, ки аз ҷониби буҷети вилоят маблағгузорӣ мешавад, аудити дохилӣ гузаронида, дар ҳаҷми 16 ҳазору 800 сомонӣ камомад ошкор намуд.

«Дар ин бора ба раҳбарияти вилояти Суғд маълумот пешниҳод гардида, тасмим гирифа шуд, ки Хайрулло Мирсаидов барои шарҳи ин масъала ба дастгоҳи раиси вилоят даъват карда шавад, – иброз дошт манбаъ. – Зимни суҳбат бо намояндагони дастгоҳи раиси вилоят Х.Мирсаидов назди ҳамагон изҳор намуд, ки сардориРаёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода аз ӯ 1 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардааст. Пас аз ин изҳорот Олим Зоҳидзода бо даъвои дар маърази ом аз ҷониби Х.Мирсаидов мавриди туҳмат қарор гирифтанаш расман ба мақомоти прокуратура муроҷиат кард».

Дар идома, ба қавли манбаъ, дар ҷараёни санҷиш аз рӯи ин ариза мақомоти прокуратура муайян кард, ки ҳаҷми камомади Х.Мирсаидов 26 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Ғайр аз ин, муайян карда шуд, ки Хайрулло Мирсаидов дар баъзе ҳуҷҷатҳои ҳисоботи молиявӣ ба сохтакорӣ роҳ додааст. Бар асоси далелҳои дар боло зикршуда дар прокуратураи вилояти Суғд нисбати Х.Мирсаидов бо моддаҳои 245, қисми 4, банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 340, қисми 1 (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), 346, қисми 2, банди «а» (дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд», – иттилоъ дод сарчашмаи хабар.

Манбаъ аз куҷо дар парвандаи Хайрулло Мирсаидов ҷой доштани моддаи 189, қисми 2, банди «г» (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-ро возеҳ шарҳ дода натавонист.

Ӯ тахмин кард, ки моддаи мазкур дар парвандаи Мирсаидов шояд ба баъзе саҳнаҳои ҳаҷвии ба тамошобинон пешниҳодшудаи дастаи КВН Тоҷикистон рабт дошта бошад.

Қобили зикр аст, ки Хайрулло Мирсаидов аз 5 декабр дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Қаблан Аскар Турсунов, адвокати Мирсаидов ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки зерҳимояаш аз шароити нигаҳдорӣ ва вазъи саломатиаш арзу шикоят надорад. Дар ҳамин ҳол, адвокат доир ба ҷузъиёти дигар ин қазия маълумот надода, изҳор намуда буд, ки дар бораи ифшо накардани маълумоти марбут ба тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Мирсаидов баёнот навиштааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...