Имкони бародаршаҳрии Қӯрғонтеппа бо яке аз шаҳрҳои Япония

Зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода бо намояндаи сафорати Япония дар Тоҷикистон Тотомохиро Накагаки раиси вилоят ба сафорати ин кишвар пешниҳод кард, ки масъалаи роҳандозии муносибатҳо миёни шаҳри Қӯрғонтеппа ва яке аз шаҳрҳои Япония дар шакли «бародаршаҳрҳо» баррасӣ шавад. Тавре аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Гулмаҳмадзода ба сафорати Япония барои кумаки доимӣ ба […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода бо намояндаи сафорати Япония дар Тоҷикистон Тотомохиро Накагаки раиси вилоят ба сафорати ин кишвар пешниҳод кард, ки масъалаи роҳандозии муносибатҳо миёни шаҳри Қӯрғонтеппа ва яке аз шаҳрҳои Япония дар шакли «бародаршаҳрҳо» баррасӣ шавад.

Тавре аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Гулмаҳмадзода ба сафорати Япония барои кумаки доимӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, беҳтар намудани ҳолати заминҳо, сохтмони роҳҳои мошингард ва таъминот бо об миннатдорӣ изҳор кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи таъмини бемористони касалиҳои сироятии ноҳияи Данғара ва дигар муассисаҳои тандурустии вилоят бо таҷҳизоти тиббӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, Гулмаҳмадзода аз сафорат барои Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа кумаки техникӣ дархост намуд.

Дар навбати худ, Тотомохиро Накагаки ба раиси вилоят итминон дод, ки ҳамаи пешниҳодҳои ӯро баррасӣ ва баҳри тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.